Марказҳои саломатии деҳот бо ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин гардиданд

Марказҳои саломатии деҳот бо ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин гардиданд
Декабр 08
12:12 2020

Дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасони тиббӣ” -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии  Бонки умумиҷаҳонӣ барои 315  марказҳои саломатии деҳот дар 10 ноҳияи таҷрибавии Лоиҳаи мазкур чанде қабл бо маблағи 288 225 сомонӣ таҷҳизоти тиббии ҳароратсанҷи фосилавӣ ва пулсоксиметр харидорӣ ва дастрас гардонида шуд.

Дастрасӣ ба ин таҷҳизот  ба марказҳои саломатии навоҳии кишвар имкон медиҳад, ки табибон саривақт аз  нишонаҳои бемории коронавируси нави COVID-19 огоҳ гардидаву барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ чораҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Махсусан, бо мақсади табобат ва пешгирии ин беморӣ муассисаҳои тиббии кишвар бо мавод ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 972
  • 1,242
  • 949,992