“Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” барои муътадил гузаронидани фасли зимистон омодааст

“Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” барои муътадил гузаронидани фасли зимистон  омодааст
Декабр 02
17:22 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарияти Вазорати тандрурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Имрӯз, 2 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти омодагии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” барои муътадил гузаронидани фасли зимистон дидан ба амал овард.

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии  сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шудааст.Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо рафти хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 973
  • 1,242
  • 949,993