Маркази ҷумҳуриявии ғизо пас аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд

Маркази ҷумҳуриявии ғизо пас аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Декабр 15
13:37 2021

Ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғизо ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, махсусан Барномаи тандурустии ҷамъиятии ҳамкории байналмилалии Олмон аз таъмири куллӣ  бароварда шуда, ба истифода дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки дар “Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ” ҷойгир мебошад, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо, шарикони рушд,  роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ аз ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ ва озмоишгоҳ иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Тавре зикр гардид, соли равон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ вабаста ба ғизо-“Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии вазъи ғизои аҳолӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати  мамлакат  қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 740
  • 1,242
  • 949,760