Масъалаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид

Масъалаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид
Сентябр 25
09:18 2020

Дар даврони начандон тулонии паҳншавӣ ва ҳамагири бемории коронавируси нави COVID-19 баҳри пешгирӣ ва мубориза бо ин вабои аср аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати амалисозии онҳо чораҳои дахлдор андешида истодаанд.

Яке аз масъалаҳои мубрами ин давра дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба шумор меравад. Дар ин асно фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии  таъсири  бемории  сироятии  COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамзамон қарори  дахлдори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 оид ба тадбирҳои  амалисозии фармони зикршуда қабул ва нашр гардидаанд. Тибқи ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида мешавад.

 Дар айни замон масъалаи хеле муҳим ин саривақт тартиб додани рӯйхатҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан, оилаҳои камбизоат ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода нақши муҳим ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор мебошад.

Аз ин рӯ, вазорат ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз ва пешбарандаи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамарӯза раванди амалишавии қарору фармони болозикрро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, дар рӯзҳои корӣ соати 17:00 тавассути баргузории видеоконференсияи мустақим бо ҷалби иштироки сардорони шӯъбаҳои вилоятӣ, мудирони бахшҳои ҳифзи ичтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва марказҳои минтақавии маъмурикунонии раванди барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ назорати оперативии онро анҷом медиҳад.

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ видеоконференсияи навбатии роҳбарияти вазорат бо масъулини соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуд. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа баргузор гардид. Номбурда дар хусуси ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271«Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 “Оид ба тадбирҳои  амалисозии фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии  таъсири  бемории  сироятии  COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсусан таъкид дошта, ба масъулин ҷиҳати тезонидани ҷараёни амалишавии ин ду қарор дастуру супоришҳои мушаххас баён доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 347
  • 1,242
  • 949,367