Машғулияти омӯзишӣ оид ба истифодаи дурусти либоси муҳофизатӣ

Машғулияти омӯзишӣ  оид ба истифодаи дурусти либоси муҳофизатӣ
Июн 24
14:54 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд  гурӯҳи табибони Полша имрӯз, 24 июни соли равон аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварданд.

Дар Беморхонаи мазкур бо иштироки табибони Полша ва табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент машғулияти омӯзишӣ оид ба тарзи дуруст пушидани либоси муҳофизатӣ  гузаронида шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки  шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки  дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Инчунин, 14  июни соли равон  гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иборат аз 9 нафар низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадаф ва мақсади ташрифи  онҳо ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656