Мастчоҳ: маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Мастчоҳ: маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Декабр 10
07:00 2019

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази саломатии деҳоти «40-солагии Дилварзин» бунёд гардид. Он дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизмати тиббӣ» бо маблағи 1 миллиону 165 ҳазору 570 сомонӣ аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Икром Сохтмон» бунёд шудааст.  Бинои навбунёд  якошёна буда,  аз 7 ҳуҷрадоругузаронӣ, табиби оилавӣ, ёрирасон, хатна, муоинаи бонувон, таҳлилгоҳ ва сабтгоҳ иборат мебошад.

Маркази саломатӣ  барои 4,5 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда, бо 85 номгўй таҷҳизоти тиббӣ ва 24 намуд ҷиҳози тиббӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 260 ҳазор сомониро дар бар мегирад, таҷҳизонида шудааст.

Дар маросими ба истифода додани маркази саломатӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зикр намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким мебахшем».

Зикр шуд, ки ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида, ин таҷриба давра ба давра тамоми мамлакатро фаро мегирад. Давоми се соли оянда дар ҷумҳурӣ беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар маркази саломатии деҳоти «40-солагии Дилварзин» 3 нафар табиб, 6 корманди миёна ва 2 корманди хурди тиббӣ барои ҳифзи саломатии мардум ба кор ҷалб карда шудаанд. Фаъолияти маркази саломатии мазкур имконият медиҳад, ки аҳолии маҳалла аз хизматрасониҳои замонавии тиббӣ баҳраманд гардида, саломатию тандурустии худро беҳтар намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 618
  • 1,242
  • 949,638