Мастчоҳ: Саҳми кормандони КАТС дар пешгирии бемории COVID-19

Мастчоҳ: Саҳми кормандони КАТС дар пешгирии бемории  COVID-19
Август 07
13:05 2020

Дар Муассисаи соҳаи КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавируси нави COVID-19 пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тибқи иттилои менеҷери КАТС-и ноҳияи мазкур духтури дараҷаи олӣ, Аҳмадбек Ҳасанов, пас аз он, ки бемории мазкур дар мамлакат ба қайд гирифта шуд, табибони КАТС-и ноҳия гаштҳои хонагиро пурзӯр намуда, то имрӯз  ба 152145 ҳавлӣ ташриф овардаанд.

Бино ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, дар терминали наздисарҳадии «Ойбек» табибони оилавӣ тариқи шабонарӯзӣ навбатдорӣ менамоянд. Иловатан, нуқтаҳои назорати санитарӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, постгоҳи БДА-и ноҳия ва назди МТМУ №22-и маҳаллаи Азизобод ва  комиссариати ҳарбӣ ташкил карда шудаанд, ки ҳамшираҳои шафқати шабакаҳои КАТС дар онҳо навбатдорӣ мекунанд. Ҳамзамон, навбатдории шабонарӯзии табибону ҳамшираҳои шафқат дар шабакаҳои КАТС-и ноҳия низ ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари пешбурди корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ тавассути гардиши хонагӣ, ҳамзамон дар шабакаҳои КАТС-и ноҳия захираи маводҳои доруворӣ ва муҳофизативу безараргардонӣ ба таври кифоя захира карда шудааст.

(Дар акс ҷаласаи назди менеҷери КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 961
  • 1,242
  • 949,981