Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири марказии вазорат Мирзоалӣ Раҷабзода ба шаҳри Норак ташриф оварда, бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздиди хеш масъулини вазорат бо рафти хизматрасонии муассисаи мазкур шинос шуда, инчунин бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом додаву аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонӣ пурсон шуданд.
Инчунин, масъулини вазорат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, вазъи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ дар шаҳри мазкур мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз ташрифи масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки роҳбарияти вазорат низ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.