Маъюбон дар ҳимояи давлатанд

Маъюбон дар ҳимояи давлатанд
Декабр 03
06:00 2018

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кўдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Аз замони ба даст овардани Истиқлолият тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият як қатор стратегия ва ҳуҷҷатҳои муҳимеро вобаста ба дастгирии ҳуқуқии шахсони имкониятрашон маҳдуд ба тавсиб расонидааст. Ин пеш аз ҳама қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», «Стратегияи рушди  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020», ба тавсиб расонидани ҳучҷат «Оид ба баёнияи мавқеъ нисбати маъюбон барои солҳои 2014-2019», бо номи «Саломатии беҳтар барои маъюбон бо мақсади бунёди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон», ба имзо расонидани «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон» аз ҷониби Пешвои муаззами миллат аз ҷумлаи санадҳои муҳиму саривақтӣ баҳри дастгириву пуштибонии ин қишри осебпазири ҷомеа мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи таҳлилҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиро доранд, ки ин шумора 15%-и аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Аз ин шумора наздики 200 ҳазор нафари он дорои ҳаракатҳои маҳдуд арзёбӣ мегардад. Аммо таҳлилгарон бар он назаранд, ки маъюбӣ яке аз масъалаҳои мубрам буда, тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ имрўз дар Тоҷикистон зиёда аз 147 ҳазор шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 26 ҳазор нафарашонро кўдакон ташкил медиҳанд.

Имрўз дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кўдакони имконияташон маҳдуд фаъолият намуда истодаанд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2018 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1430 нафар бошандагон ба таъминоти пурраи давлатӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 818 нафар маъюбон ва 343 нафараш кўдакони маъюб мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар номгўи муассисаҳои системаи  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як осоишгоҳ – Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб» ва се истироҳатгоҳ:  «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дўстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун», «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и  шаҳри Ваҳдат» ва «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа (Занинс)» ба таври мавсимӣ фаъолият намуда, дар соли 2018 ба 2443 нафар, ки аз ин 807 нафарашон маъюбон мебошанд, ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Самти дигари фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ мебошад.

Барои  беҳтар намудани  сатҳу сифати  хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ва  камхарҷ гардонидани онҳо дар доираи  фармоиши иҷтимоии давлатӣ 37  адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

Ҷиҳати ҳарчи бештар расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон, шахсони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти  муайян  ва  шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, дар шаҳру  ноҳияҳои мамлакат 6  адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва 41 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хизматҳои  иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-педагогӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ фаъолият карда истодаанд.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ давоми 9 моҳи соли 2018 аз ҷониби шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба 20446 нафар ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шудааст, ки аз инҳо 15466 нафарашонро маъюбон ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки чунин намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон дар шароити ҳозира  ба талаботи замон ҷавобгў буда, хизматгирандагони иҷтимоӣ аз он қаноатманданд. Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда шаклҳои нави хизматрасониҳои иҷтимоиро ба роҳ монда пешкаши аҳолии ниёзманд намоянд.

                                                                         Валиев З. Б. сардори шуъбаи

                                                                         хизматрасонии иҷтимоӣ

                                                                         дар муассисаҳои будубоши

                                                                         муваққатии Агентии давлатии

                                                                         ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

                                                               Сафаров Д. С., сармутахассиси

                                                                шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ

                                                               дар муассисаҳои будубоши

                                                               доимии Агентии давлатии

                                                               ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 41
  • 468
  • 1,242
  • 949,488