8 июл-Рӯзи маъюбон: Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд

8 июл-Рӯзи маъюбон: Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
Июл 08
10:33 2021

Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола дар ҷумҳурии мо 8 июл-Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.  Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он – ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти омори расмии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2021 шумораи умумии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 156 742 нафарро ташкил намуда, нишондоди маъюбӣ нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба 1,6% баробар аст. Аз  ин шумора маъюбони гурӯҳи I -16 579 нафар ё баробари 10,6%,  маъюбони гурӯҳи II- 75 521 нафар ё баробари 48,2%,  маъюбони гурӯҳи III- 33 513 нафар ё баробари 21,4% ва кӯдакони маъюби то синни 18 сола -31 129 нафар ё 19,8 фоизи шумораи умумии маъюбон мебошанд.

Илова бар ин, дар махзани ягонаи иттилоотии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ 1229 нафар нафақагирони маъюби мақомотҳои қудратӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ва “Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” ба тасвиб расидаанд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки соли гузашта рафти иҷрои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020» ҷамъбаст гардида, дар партави амалишавии барномаи мазкур даҳҳо чорабиниҳои дахлдори алоқаманд ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ анҷом дода шудаанд. Инчунин, соли ҷорӣ тасмим гирифта шудааст, ки барнома барои то соли 2027 тамдид гардида, Нақшаи чорабиниҳои нав оид ба ҳифзи ҳуқӯқ ва манфиатҳои шахсони дорои маъюбият таҳия ва қабул карда шавад.

Кӯшишҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунигузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд. Табъизи (дискриминатсияи) ҳуқуқи маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгарӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар, хусусан дар низоми муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ новобаста аз вазъи бавуҷудомадаи марбут ба коронавируси нави COVID-19 бахшида ба Рӯзи маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони маъюб ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои дахлдор  доир гардида,  тавассути воситаҳои ахбори омма барномаҳо ва мақолаву маърӯзаҳо нашр мешаванд. Чунончи, 7 июли соли ҷорӣ дар вазорат тавассути видео-конференсия ва ҳузури теъдоди маҳдуди роҳбарон ва кормандони сохторҳои марбутаи вазорат дар мавзӯи “Маъюбияти шаҳрвандон ва баҳодиҳии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб дар асоси Таснифоти байналмилалии вазифаҳо, маҳдудиятҳои ҳаётӣ ва саломатӣ (МКФ)” мизи мудаввар доир гардид.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо беҳтар карда мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 628
  • 1,242
  • 949,648