Миср: Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи сеҷонибаи минтақавии ТУТ иштирок намуд

Миср: Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи сеҷонибаи минтақавии ТУТ иштирок намуд
Март 19
10:08 2023
Ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода рузҳои 16-17 марти соли 2023 дар ҷаласаи сатҳи баланди сеҷонибаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва муҳоҷират, ки дар шаҳри Шарм уш Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, иштирок намуд.
 
Дар ҷаласаи болозикр роҳбарони вазоратҳои алоқаманд ба саломатӣ ва муҳоҷират аз давлатҳои аъзои минтақаҳои Аврупоӣ, Миёназамини Шарқӣ ва Африкаи Шимолии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.
 
Мизбонии чорабиниро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Арабии Миср ва Дафтари минтақавии Миёназамини Шарқии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба уҳда доштанд ва дар он намояндагони дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, мушовирон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҷамъияти ҷавонон иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки руз то руз масъалаи саломатии муҳоҷирон яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир гардидааст.
Бо мушкилотҳои ҳамаҷониба на танҳо кишварҳои тавлид, балки давлатҳои гузариш ва қабул пеш омадаанд. Дар рафти ҷаласаи болозикр давлатҳои аъзои се минтақаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ консепсияи тақвияти солимии муҳоҷирон ва бартараф кардани натиҷаҳои имконпазири муҳоҷират нисбати тандурустии ҷамъиятиро қабул намуда, уҳдадор шуданд, ки дар ин самт корҳои заруриро анҷом диҳанд.
Дар доираи ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо директорони минтақавии минтақаҳои Аврупоӣ (доктор Ҳанс Клюге) ва Миёназамини Шарқӣ (ҷаноби Аҳмад Ал Мандарӣ) вохўриҳои дуҷониба ба анҷом расонид.
Дар рафти вохўрӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ аз тарафи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои муфид, аз ҷумла вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тиббӣ тавассути иштироки мутақобилаи мутахассисон дар барномаҳои омузишии байниминтақавӣ ва ба роҳ мондани саноати дорусозӣ манзур гардид.
Ҳамзамон дар рафти вохури бо муовини вазири тандурустии Шоҳигарии Баҳрайн Доктор Валид Халифа Ал Мания масоили омўзиши таҷрибаи Шоҳигарии Баҳрайн дар амалисозии ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла вориднамоии суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар Шоҳигарии Баҳрайн мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин росто, дар рафти вохўри бо роҳбари Намояндагии доимии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср таъкид карда шуд, ки бинобар таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Арабии Миср дар самти дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсолот ва назорати сифати он, барҳамдиҳии бемории вируси гепатити С, ки бо вуҷуди ихтирои доруи махсуси зиддивирусӣ имконпазир гардидааст, хуб мешавад, ки дар ин самт ҳамкориҳо ҷоннок карда шаванд.
Дар натиҷаи вохурӣ бо котиботи вазири тандурустии Ҷумҳурии Арабии Миср ба мувофиқа расида шуд, ки гурўҳи кории муштарак аз тарафи ҷонибҳо таъси дода шавад ва фаъолияти он тариқи якумин ҷаласаи коршиносон тавассути маҷозӣ дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 2023 гузаронида шавад.
Дар умум, иштирок дар ин ҷаласаи сатҳи баланд ва мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои болозикр дар густариши ҳамкориҳои хориҷии вазорат дар самти рушду пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат такони нав хоҳад бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 35
  • 411
  • 1,242
  • 949,431