Оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Апрел 24
13:51 2023
Санаи 24 апрели соли равон бахшида ба оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 24 то 29 апрели соли 2023 дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад, мизи мудаввар сурат гирифт.
Чорабинии мазкур таҳти иштикори Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Виктор Олшавский, Сардори Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккавӣ, Сардори намояндагии хазинаи Созмони миллали муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), Файзалӣ Саидзода, Директори генералии Муассисаи далватии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, доираи васеъи намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, намояндагони ВАО ва ғ дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор гардид.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2005 то кунун ҳамасола баргузор мегардад, ки мақсади асосии он-баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар соле таҳти шиорҳои махсус сурат мегирад, ки дар соли ҷорӣ ҷорабинӣ зери мавзӯи “Ҳар як воя муҳим аст. Вақт муҳим аст” баргузор хоҳад шуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардонида истодааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон кишвар узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Алянси Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Агентии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.
Дар фарҷоми ҷорабинӣ як зумра роҳбарон ва намояндагони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри саҳми арзанда гузоштан дар маъракаҳои иммунизатсия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрнодӣ гардиданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750