Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон
Декабр 03
11:23 2020

3 декабри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон  дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Қудратулло Қурбонов, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи мизи мудаввар  иброз дошт, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии  шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии  маъюбон”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ветеранҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин,  Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қайд намудани Рӯзи байналмилалии маъюбон-3 декабр арҷгузорӣ менамояд. Чунончӣ, аз соли 1993 ин ҷониб ҳамасола 3 декабр дар кишвари мо низ бо ҷалби ниҳодҳои  дахлдор ба таври шоиста  қайд карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавонбахшии маъюбон  ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Бо ин мақсад дар сохтори вазорат як Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” ташкил гардида, фаъолияти он ба роҳ монда шудааст. Муассисаи мазкур баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои асосии ҷанбаи иҷтимоидошта фаъолияти ҳамарӯзаи худро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро мегирад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки айни замон дар системаи ҳифзи иҷтимоии  аҳолии кишвар 105 муассисаҳои хизматрасонии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият  менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 716
  • 1,242
  • 949,736