Мизи мудаввар оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Мизи мудаввар оид  ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Июл 29
08:34 2019

Чанде қабл дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила – мубодилаи таҷрибаҳои мусбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо» ва татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, занону бонувони фаъол, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зимни баромади худ бобати пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар муносибатҳои оилавӣ, стратегияи Кумитаи кор бо занон оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал дод.

– Ҳарчанд бобати масъалаи мазкур корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, теъдоди зӯроварӣ то ҳол зиёд ба назар мерасад. Дар самти маблағгузории Барномаҳои давлатӣ, дастрас кардани маводи иттилоотӣ ба аҳолӣ, дастрасии кӯмаки равоншиносон, хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ВАО, таҳлилҳои амиқ, омори ягонаи электронӣ ва амсоли инро бояд ҷоннок кард, – гуфт Марҳабо Олимӣ.

Доир ба сабабҳои ҷой доштани хушунат ва зӯроварӣ гуфта шуд, ки ин пеш аз ҳама тарбияи нодуруст дар оила, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вобастагии иқтисодии занон ва пиронсолон аз мардони оила, осебпазирии кӯдакон нисбати таҳдидҳои ноустувории иқтисодиву иҷтимоӣ, суст будани низоми таҳлили гендерӣ ва амсоли ин мебошад.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён бобати пурзӯр кардани мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ нисбати занону духтарон, хизматрасониҳои мавҷуда барои ҷабрдидагон, қонунгузорӣ, фаъолияти гурӯҳи байниидоравӣ ва умуман таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мухталифро иброз доштанд.

 Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,242
  • 949,703