“МО НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН”: Таҳти чунин унвон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гашт

“МО НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН”: Таҳти чунин унвон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гашт
Июн 01
16:16 2022

“Мо насли хушбахти замон”-таҳти чунин унвон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти муассиса ва як қатор кӯдакон бо волидони хеш аз минтақаи хизматрасонии муассиса иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” Салоҳиддин Раҷабзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кӯдакон ва дар симои онҳо кулли кӯдакони кишварро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон шодбош намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаи умедбахши ҷомеа ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст.

Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Баъдан, миёни иштирокчиён бозиҳои шавқовар доир гардида, бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилангез кӯдакон шодиву хурсандӣ намуданд.

Дар охир ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки  қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул шудааст.

Аввалин ва ҳуҷҷати асосии байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак  мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул  гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.  Аз ҷумла бо мақсади таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат ва бо мақсади таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад, дар ҷумҳурӣ дар ин соҳа чораҳои дахлдор андешида шудаанд.

Маҳз иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 642
  • 1,242
  • 949,662