Москва: Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва некуаҳволии эпидемиологӣ иштирок ва суханронӣ намуд

Москва: Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва некуаҳволии эпидемиологӣ иштирок ва суханронӣ намуд
Апрел 23
11:00 2021

Бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам ва некуаҳволии эпидемиологӣ ва инчунин, иштирок дар як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо вазири тандурустии Федератсияи Россия ва роҳбари Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбудӣ,  аз 19 то 22 апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  қарор дошт.

Бояд қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии мазкур дар асоси ташаббуси Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбудии одами Федератсияи Россия  (Роспотребнадзор) ва Барномаи СММ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо иштироки зиёда аз 400 намояндагони давлатҳои ИДМ, Аврупо, Осиё, Африка ва Америкаи шимолӣ  баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи барнома, дар ҷаласаи пленарии якум пас аз оғози расмии  Конфронси байналмилалӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мавзӯи “Таъмини некӯаҳволии эпидемиологӣ дар мубориза бо эпидемиҳо: таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди COVID-19” баромад намуд.

Пас аз анҷоми Конфронс вохурии иштирокчиён бо рӯзноманигорон доир гардид, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати хеш ба саволҳои  намояндагони ВАО-и Россия низ посух гуфт.

Инчунин, дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии “Барномаи кӯмаки техникӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар пешгирӣ  ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ва дигар бемориҳои сирояткунанда” баргузор гардид, ки мақсади он ба баррасии имконияти идомаи маблағгузории Барноми Федератсияи  Россия барои солҳои 2022-2024 равона  шуда буд.

Бояд  қайд намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мазкур буда, дар он вобаста ба ҷудо гардидани маблағгузории зарурӣ роҷеъ ба муқовимат ва аз байн бурдани пандемияи COVID-19 ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории  COVID-19 баррасӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки амалисозии Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 оғоз гардидааст.

Ҳамзамон, дар доираи сафари хеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Мурашко Михайл Албертович ва роҳбари Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбудии одами Федератсияи Россия  (Роспотребнадзор) Попова Анна Юревна мулоқот намуд.

Махсусан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни  вохурӣ бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Мурашко Михайл Албертович масъалаҳои тақвият бахшидани рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба таҳсилоти баъдидипломӣ ва омӯзонидани мутахассисонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон, доир ба густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 907
  • 1,242
  • 949,927