Муҳаммадҷон Умаров: Сил бемории табобатшаванда аст, на кушанда!

Муҳаммадҷон Умаров: Сил бемории табобатшаванда аст, на кушанда!
Март 27
12:08 2023

Бемории сил табобатшаванда аст. Табибони силшинос ба ин андешаанд, ки табобати саривақтӣ ва дуруст метавонад инсонро аз бемории сил наҷот диҳад.

Дар ҷомеаи мо ҳастанд шахсоне, ки аз ин беморӣ наҷот ёфтаанд. Қаҳрамони мо, ки гирифтори бемории сил буду онро ба пуррагӣ табобат кард ва имрӯз дошинҷӯ мебошад ба мо дар бораи давраи беморияш нақл кард. Ҳамзамон аз ҷомеа хоҳиш намуд, ки ин бемориро пинҳон надоранд ва ба табобати он ҳарчи тезтар шурӯъ намоянд. Вақти он расидааст, ки ҳамчун узви ин ҷомеа бояд барои солимии он талош кард то миллати мо оянда насли солим дошта бошад.

Муҳаммадҷон Умарови 22-сола аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад. Ҳоло дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ихтисоси дизайнерӣ таҳсил карда истодааст. Ӯ соли 2017 вақте аз ташхиси бемории сил мегузарад мефаҳмад, ки ба шакли мутобиқгаштаи бемории сил гирифтор шудааст, ки ин намуди бемории сил бо доруворӣ устувор мебошад. Ҳанӯз нишонаҳои беморӣ дар бадани қаҳрамони мо аён нагашта, ӯ ба табобат оғоз мекунад. Аз ташхис гузаштан ва аз саломатии худ огоҳ шудан ба фоидаи қаҳрамони мо меанҷомад.

“Дар оилаамон тағоям ва боз дигар хешон гирифтори бемории сил гаштанд. Модарам, ки дар бораи беморӣ маълумот доштанду пайваста дар ин соҳа кор мекарданд, маро ба ташхиси бемории сил бурданд. Баъди ташхис муайян гашт, ки беморӣ дар ман низ ҳаст. Ман бо кӯмаки пайвастаи модарам дарҳол ба табобати беморӣ оғоз намудам. Он замон дар мактаби миёна таҳсил мекардам. Табобати бемории ман ду сол давом кард. Ман пурра бе истироҳат табобатро ба итмом расонидам ва аз бемории сил наҷот ёфтам”, мегӯяд Муҳаммадҷон Умаров.

Қаҳрамони мо афзуд, ки ҳангоми бемор буданаш дар бараш танҳо модараш ва як дӯсти давраи кӯдакияш мондаанд. Дигарҳо аз ӯ канораҷӯӣ мекардаанд ва нигоҳашон ба Муҳаммадҷон мутафовит будааст. Ин муносибати атрофиён Муҳаммадҷонро ба ин хулоса расондааст,ки баъди табобат ва шифоёбӣ, дар бораи беморияш ошкоро ба ҷомеа  нақл хоҳад кард.  Муттаассифона дар бисёр маврид ба ҳаёти беморон дар ҷомеаи мо доғгузорӣ карда мешавад. Ин омилҳо сабаб мегардад бисёр беморон аз табобат даст мекашанд ва бемориро пинҳон медоранд.

“Вақте бемории манро атрофиён фаҳмиданд ҳама аз канори ман рафтанд. Дар оилаамон, ки тағоям ва дигар хешон гирифтори бемории сил гашта буданд, атрофиён бар ин назар буданд, ки гӯё ин беморӣ дар мо ирсист. Ин барои бемор бисёр як зарбаи сахт аст. Ҳангоми беморӣ дастгирии писихологӣ ба табобати дурудароз кӯмак мекунад. Аммо ҳангоми гирифторӣ ба беморӣ ба ман чунин ҳолат баракс рух дод. Ақидаҳои шахшуда ва надоштани маълумот дар бораи бемории сил чунин ҳолатҳои нохушро байни ҷомеа паҳн мекунад, ки ба бемор рӯҳан таъсири манфӣ мерасонад. Ин омилҳо боис мешаванд, ки беморон бемориро пинҳон медоранд ва хавфи сирояти онро ба дигарон зиёдтар мекунанд. Баъд ман мақсад гузоштам, ки  дар бораи табобатшаванда будани бемории сил аз лаҳзаҳои бемориям ба ҷомеа нақл менамоям. Ман тавонистам худро табобат намоям ва дигарон низ метавонанд худро табобат кунанд”, илова намуд Муҳаммадҷон Умаров.

Қаҳрамони мо мегӯяд, мо бояд донем,ки сил бемории табобатшаванда аст на кушанда. Ҳангоми гирифтор буданаш ба беморӣ чанд нафари дигарро медонистааст, ки бо ӯ табобатро оғоз кардаанд. Аммо аз сабаби табобатро пурра анҷом надодан як нафари онҳо фавтидааст.

Модари Муҳаммадҷон, ки бо лоиҳаҳои бемориҳои сил кор кардааст дар бораи бемории сил дониши хуби тиббӣ дорад. Дониши модар тавонист фарзандро аз чанги марг наҷот диҳад.

Дар Тоҷикистон гирифторони бемории сил бо нафақа таъмин карда мешаванд ва ҳамзамон доруҳои зиддисилӣ низ ройгон дода мешавад. Муҳаммадҷон Умаров низ ҳангомибемор буданаш бо ин дастгириҳои давлатӣ таъмин гаштааст.

Мо якҷоя метавонем ҷомеаи худро аз бемории сил пок созем. Иттиҳоди мо қудрати мост!

Саодат Исмоилӣ,

 узви Гурӯҳи коршиносони эҷодии Ҳамкории пешгирии бемории сил

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 280
  • 1,242
  • 949,300