Муҳофизони саломатии мардум

Муҳофизони саломатии мардум
Декабр 23
13:01 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 августи соли равон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби кишвар дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат иброз доштанд, ки “соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок-бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад”.

Дар воқеъ, пас аз ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат масъулияти табибон  боз ҳам зиёд гардид. Дар чунин даври басо душвор табибони тоҷик тавонистанд бар муқобили чунин як бемории сироятӣ мубориза бурда, саҳми беназири хешро дар солимии аҳолӣ ва пешгирии ин беморӣ гузоранд. Бояд гуфт, ки чунин як санҷиши ҷиддиро табибону ҳамширагони шафқати Беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров сарбаландона гузаштанд.

-Беморхонаи мо нахуст ба госпитали обсерватсионӣ барои шаҳрвандони аз хориҷи мамлакат баргашта ва баъдан ба госпитал барои гирифторони бемории илтиҳоби шуш табдил дода шуд,-гуфт зимни суҳбат ба мо сартабиби беморхонаи мазкур, собиқадори соҳаи тандурустии кишвар Абдурауф Муллобоев.

Дар ин росто, он нафароне, ки дар беморхонаи мазкур бо бемории илтиҳоби  шуш бистарӣ буданду ба шарофати ҷаҳду ҷадал ва садоқати касбии табибони ҳушманди ин муассиса –муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавӣ Абдуманон Баротов, мудири шӯъбаи бемориҳои дарунӣ Мавзуна Мамадҷонова, табиби асабшинос Исмоилҷон Қобилов, духтур-эҳёгар Мубин Ҳайдарбоев, мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ Олимҷон Пулодов, духтури амрози занона Манзура Тухтабоева, ҳамшираҳои шафқат Гулбаҳор Мамадҷонова, Манзура Нурматова, Муяссара Рустамова, момодоя Муаттара Аминова ва дигарон шифои комил ёфта буданд,  изҳори сипосу миннатдорӣ баён мекарданд.

Бояд гуфт, ки дар ин муассиса ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш низ табобат гирифтаст, ки зимни суҳбат сипоси худро ин тавр баён дошт:

-Табибони масеҳонафаси мо воқеан ҳам қаҳрамони замонанд, ки он шабу рӯзҳо  беморонро табобат намуданд. Сари бистари бемории ман хусусан табиби эҳёгар Собирҷон Ҷамолиддинов ва табиби асабшинос Исмоилҷон Қобилов бо ҳамширагони шафқат Гулбаҳор Мамадҷонова ва Фароғат Бобоҷонова шабу рӯз қарор доштанд ва заҳмати беандоза кашиданд.  Табибони ин муассиса ва дигар ҳамкасбонашон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд». Ман баъди шифо ёфтанам дар ҳақашон чунин гуфтам:

Домони сафобахши Шумо гард набинад,

Дастони шифобахши Шумо дард набинад.

М.Мақсудов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 710
  • 1,242
  • 949,730