Муҳокимаи натиҷаи барномаи лоиҳаи USAID оид ба Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимаи натиҷаи барномаи лоиҳаи USAID оид ба Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феврал 09
16:43 2024

9 феврали соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи натиҷаи барномаи лоиҳаи USAID оид ба Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз моҳи марти соли 2020 фаъолияти лоиҳаи USAID оид ба Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Тоҷикистон ташаббуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба таҳкими низоми миллии ташхисгоҳҳои Тоҷикистон ва дастгирии Нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 дар кишвар равона карда шудааст.

Аз оғози фаъолияташ Лоиҳаи USAID  оид ба “Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ” – ташабуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (LHSS COVID-19) аз моҳи апрели соли 2020 то инҷониб дар самтҳои зерин чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намудааст: дастгирӣ дар раванди татбиқи “Стратегияи миллии вокуниши таҳлилгоҳҳо”;  мусоидати техникӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи “Нақшаи миллии  воридкунии ваксинаҳо” ва  пурзӯр намудани малака ва дониши кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди бемории сироятии COVID-19.

-Дар давоми амалисозии лоиҳа ҳамкориҳои судманд ва дастгирии фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва зерсохторҳои калидии  он дар чорабиниҳои вобаста ба ваксинатсияи COVID-19 назаррас буд ва мо тавонистем, ки ба  натиҷаҳои назаррас ноил гардем,-иброз дошт номбурда.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гунонуни лоиҳаи USAID оид ба Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Тоҷикистон баромад карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 735
  • 1,242
  • 949,755