«Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»

«Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»
Декабр 26
17:16 2023

 Имрӯз, 26 декабри соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтинанти адлия Сулаймон Султонзода, муовини якум ва муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини якум ва муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони хадамотҳои назорати давлатии тандурустӣ ва директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорон ва сармуҳосибони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, директорону сармуҳосибони марказҳои ҷумҳуриявии зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

 Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо мақсади мубориза бо зуҳуроти номатлуб – коррупсия ва  дар доираи Нақша-чорабиниҳои маърифатию иттилоотии зидди коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

 Дар оғози чорабинӣ зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи дастаҷамъиро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.

Дар идомаи конфронс сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора дар мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва ташаккули коррупсия, таъсири манфии он ба рушди соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб дар соҳа”, сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Шарипов Зайнулло дар мавзӯи “Истифодаи дурусти маблағҳо ва пардохти ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ”, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддин Низомзода дар мавзӯи “Вазъи назорати давлатии молиявӣ ва ҷинояткорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабиев Шералӣ Маҳмадалиевич дар мавзуи “Чораҳои паст кардани шиддати коррупсия дар муассисаҳои тиббӣ”, сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентӣ, полковники адлия Расулӣ Баротов дар мавзӯи “Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тандурустӣ”, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорат Абдулазизов Салим дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ вобаста ба хариди давлатӣ”, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, кумаки фаври тиббӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи вазорат Ҷафаров Наврӯз дар мавзӯи “Пешгирии коррупсия дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ”, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қурбонзода Қудратулло дар мавзӯи “Масъалаҳои муқовимат бо коррупсия дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимов Давлатмурод дар мавзӯи “Пешгирии коррупсия дар соҳаи фарматсевтӣ” баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 578
  • 1,242
  • 949,598