Муҳриддин Наботов: Маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиенӣ аз ташхиси ҷиддӣ мегузаранд

Муҳриддин Наботов: Маводҳои доруворӣ  ва ороишию гигиенӣ аз ташхиси ҷиддӣ мегузаранд
Декабр 01
08:47 2020

Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташхиси доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ машғул  буда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Дар зер суҳбати журналист М. Мақсудов бо сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳриддин Наботов вобаста ба фаъолияти 9 моҳаи корхонаи мазкур ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа манзури хонандагон мегардад:

Муҳтарам Муҳриддин Наботов, лутфан бигуед, ки давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандони корхонаи мазкур чӣ қадар маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ мавриди ташхис қарор дода шуд?

– Қайд кардан ба маврид аст, ки назорати маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиенӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти корхонаи мо ба шумор меравад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8369 номгӯи маводи доруворӣ ва 3798 номгӯи маводи ороишию гигиенӣ мавриди ташхиси қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки аз ин миқдор 58 номгӯй маводи доруворӣ ва 398 номгӯй маводи ороишию гигенӣ истеҳсоли ватанӣ мебошанд. Аз ин миқдор 12 номгӯи маводи доруворӣ ва 59 номгӯи маводи ороишию гигиенӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои амалкунанда аз истифода боздошта шуданд.

Мутаассифона, бо вуҷуди назорати қатъӣ бурдан аз болои фаъолияти  истеҳсолкунандагони маводҳои доруворӣ ва  маводҳои ороишию гигиенӣ аз тарафи мутахассисони соҳа, ҳанӯз ҳам дар ин самт бархе камбудиву мушкилот ба назар мерасанд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти мавҷудаи соҳа роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд”-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтаанд.

Дар ин давра аз тарафи корхонаи шумо чӣ қадар сертификатҳои мутобиқати сифат дода шуданд?

-Давоми 9 моҳи соли равон баъди санҷиши ҳаматарафа ба 8270 номгӯи маводи доруворӣ ва 3258 номгӯи маводи ороишию гигиенӣ сертификати мутобиқати сифат дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нуҳ моҳи соли равон зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра ба 41 номгӯи маводи доруворӣ ва 135 номгӯи маводи ороишию гигиенӣ хулоса ҳам дода шуд, ки дар ин самт низ рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда истодаанд.

Сатҳи дониш ва малакаи кормандони ташхисгоҳ чӣ гуна аст?

-Дар корхонаи мо ба сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи махсус ҳозир карда мешавад. Аз ҷумла ҳар мутахассисе, ки дар лабораторияи мо ба кор қабул карда мешавад, аз имтиҳони ҷиддӣ  мегузарад. Дар навбати худ ҳамаи кормандони лабаратория хуб дарк мекунанд, ки ҳар хулосае, ки онҳо медиҳанд, барои саломатии шаҳрванадон муҳим аст. Ин масъулият бори дигар кулли кормандони лабараторияро ҳушдор медиҳад, ки дар фаъолияти хеш ҷиддӣ ва серталаб бошанд.

 –Дар охир ба хонандагон чӣ гуфтан мехоҳед?

-Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми дорусозону истеҳсолкунандагони маводҳои гигиению ороишӣ даъват ба амал меорам, ки ҳар як маводи истеҳсолмекардаи худро мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои амалкунанда тайёр  намоянд. Пеш аз ҳама дар назар дошта  бошанд, ки маводе, ки онҳо истеъсол менамоянд, ҳазорон инсонҳо истеъсол менамоянд.

Истеҳсолкунандагони маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиенӣ  бояд аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ шукргузорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки маводи талабот ба меъёрро истеҳсол намоянд.

Ҳамзамон, аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорам, ки дар интихоби маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиенӣ ҳушёр ва зирак бошанд. Ҳангоми истифодаи маводҳои мазкур ҳатман тавсияи мутахассисони соҳаро бигиранд.

Ташаккур барои чунин як суҳбати самимӣ!

Суҳбаторо М. Мақсудов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 639
  • 1,242
  • 949,659