Муаррифии тибби анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон дар Душанбе

Муаррифии  тибби анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон дар Душанбе
Феврал 19
08:57 2018

Соҳаи фармасевтӣ дар  Тоҷикистон яке аз  бахшҳои афзалиятнок ба шумор рафта, рушди он дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, дар соҳаи фармасевтӣ чун дигар соҳаҳо фаъолияти густурдаеро бароҳ мондааст. Айни ҳол 89 ширкатҳои Ҳиндустонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва зиёда аз 904 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба қайди давлати гирифтаанд, ки зиёда аз 30% бозори фарматсевтии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин нуқтаро Азиз Одиназода, муовини вазири   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар ҳамоиши тибби  анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон, ки дар Душанбе доир гардид, баён дошт.

Ба иттилои дастрас  ҳамоиши мазкур  бо ибтикори Вазорати   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории иқтисодӣ созмон дода шуд.

Дар ҳамоиш   Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош,  муовини вазири   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода, сардори Раёсати фармасевтикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Салим Абдулазизов, доктор Дудхамал Тукарам-  досенти Донишгоҳи Аюрведаи Гуҷарат, доктор Махаматра Арун Кумар — досенти Донишгоҳи Аюрведаи Деҳлӣ, доктор Голи Пенчала Прасад  аз Донишгоҳи миллии тиббии меросии шаҳри Ҳайдаробод, доктор Нариндер Сингх-досенти Донишгоҳи миллии Аюрведаи Ҷайпур, намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои соҳаи фармасевтика ва тибби анъанавии Тоҷикистон ва беш аз 60 нафар намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии намояндагони бахши фармасевтика ва тибби анъанавӣ дар мамлакат иборат буд.

Сафири Ҳиндустон  Сомнатх Гош доир ба самтҳои  ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши тандурустӣ ва  фармасевтика  ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дорои технологияҳои муосири бахши тандурустӣ ва  тибби анъанавист, ки таърихи ҳазорсоларо дар бар мегирад. Дипломати Ҳинд роҷеъ ба таърихи  тибби қадимаю анъанавии  Аюрведа,  яъне илми ҳаёт, ки низоми қадимии дониш оид ба мувофиқати ҳаёт ва зиндагонии солими инсонро дар бар мегирад ва муолиҷаи алтернативӣ ба ҳисоб меравад, иброз дошт, ки Аюрведа дар Ҳиндустон хеле рушд ёфтааст. Дар ин росто, мо тасмим гирифтаем, ки намояндагони бахши фармасевтии Тоҷикистонро бо усули алтернативии тибби анъанавӣ шинос гардонем.

Дар ҳамоиш аз ҷониби донишмандони тибби Ҳиндустон  тибби қадимаи анъанавии Ҳиндустон-  Аюрведа  муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки дар оянда дар Тоҷикистон  Маркази Аюрведа бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Дар анҷоми ҳамоиш ҳамзамон намоиши адабиёти марбут ба Аюрведа ва дигар дорую дармонҳои аз гиёҳҳои шифобахши Ҳиндустон омодагардида ба намоиш гузошта шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 637
  • 1,242
  • 949,657