Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вобаста ба муаррифии замимаи иттилоотии Bebbo мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии шаҳри мазкур иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки замимаи иттилоотии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносон оид ба рушди барвақтии кӯдакон ба шароит ва ниёзҳои миллӣ мутобиқ карда шудааст.
Замимаи иттилоотии Bebbo барои волидон ва парасторони кӯдакони синни аз таваллуд то 6 сола пешбинӣ шуда, аз тавсияҳое иборат мебошад, ки коршиносон оид ба доираи васеи масъалаҳои саломаӣ ва инкишофи кӯдак – аз ғизо ва ширмакӣ, то омӯзиши барвақтӣ, машқҳои бозӣ, тарбия, ҳифз ва бехатарии кӯдакон маълумот пешниҳод намудаанд. Дар замима ҳамчунин, тавсияҳои мушаххас ба волидайн ва парасторони кӯдакон аз нуқтаи назари манфиатҳои беҳтарини кӯдак оварда шудааст.
Замимаи иттилоотии Bebbo ҳамчун дастури содда ва қулай барои волидон оид ба масъалаҳои рушд ва тарбияи кӯдакон шарики киссагии волидон мебошад.
Беббо ба падару модарон дар бораи чӣ тавр кумак намудан ба рушд, инкишоф ва некуаҳволии фарзандонашон тавсияҳои саривақӣ ва босифат медиҳад. Ин масъала махсусан дар шароите муҳим аст, ки тамоси мустақим бо хадамоти дахлдори давлатӣ имконнопазир ё душвор аст.
Зимни ҳамоиш мутахассисони соҳа ба иштирокчиён доир ба роҳҳои истифода ва расонидани маълумоти зарурӣ ба аҳолӣ вобаста ба истифодаи замимаи мазкур маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон чунин мизи мудаввар бахшида ба муаррифии замимаи мазкур барои мутахассисони соҳаи тандурустии минтақаи Кӯлоб низ гузаронида шуда, чунин чорабиниҳо минбаъд дар дигар манотиқи кишвар низ гузаронида мешаванд.