Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи зимистони солҳои 2019-2020 омода мебошанд

Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи зимистони солҳои 2019-2020 омода мебошанд
Декабр 13
09:24 2019

Муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аз 12 апрели соли 2019, № 224 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» сармашқи кори худ карда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Дар ин замина, 12 апрели соли 2019 «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020»  тасдиқ гардида, тибқи шакли ягонаи пешниҳоди ҳисоботҳо мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамзамон, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, фаъолияти он тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шудааст.  Дар ҷаласаҳои ситод тамоми масъалаҳои марбут ба омодагии муассисаҳои соҳа ба мавсими зимистон мунтазам баррасӣ карда мешаванд.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 46,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он барои корҳои шишабандӣ, қисми зиёди таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузар сарф карда шудааст.

Барои омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар муассисаҳои  соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  8814,3 тонна ангишт,  7215,7 м3 ҳезум ва  67141,0 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст, ки ин дар умум 103,0 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад, яъне Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон 1145,0 тонна ангишт, 1698,0 м3 ҳезум ва 4219 литр сӯзишворӣ,  вилояти Хатлон -695 тонна, 2408,0 м3 ҳезум ва 20780 литр сӯзишворӣ, вилояти Суғд -4123 тонна, 1444 м3 ҳезум ва 13254 литр сӯзишворӣ,  шаҳри Душанбе -55 тонна, 123,0 м3 ҳезум ва 7700 литр сӯзишворӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -1625,3 тонна, 976,0 м3 ҳезум ва 7115 литр сӯзишворӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявии тандурустӣ -527 тонна, 178,7м3 ҳезум ва 7523 литр сӯзишворӣ, ва муассисаҳои ҷумҳуриявии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 644,0 тонна ангишт, 388,0 м3 ҳезум ва 6550 литр сӯзишворӣ омода карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои мазкур дорои 892 адад генераторҳои барқӣ буда,  дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин, дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки  дорои хати тозаи барқ мебошанд, 11330 адад печкаи  барқӣ,  5155  адад  печкаи  аловӣ  барои  истифодабарӣ  омода мебошанд.

Ҳамзамон,  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дорои 160 адад дегхонаҳои буғӣ буда, айни ҳол 130 адад (82%) дар ҳолати коршоямӣ, 4 адад (0,2%) таъмирталаб ва 26 адад (16%) дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд, инчунин рӯйхати дегхонаҳои барқароркуниашон бесамарро барои аз эътибор соқит намудан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пешниҳод карда шудааст. Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ дар 25 муассисаҳои соҳаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дегхонаҳои буғӣ аз нав сохта барқарор карда шуданд, аз ҷумла; дар вилояти Суғд 24, ки аз ин миқдор дар ноҳияи Б. Ғафуров 5 адад, ноҳияи  Айнӣ 3 адад, шаҳри Исфара 1 адад, шаҳри Истаравшан 4 адад, ноҳияи Деваштиҷ 1 адад, ноҳия Мастчоҳ 2 адад, шаҳри Гулистон 1 адад, ноҳияи  Спитамен 4 адад, шаҳри Панҷакент 1 адад, ноҳияи Шаҳристон 2 адад ва 1 –адад ноҳияи Варзоби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии  шаҳри Душанбе аз 105 (45 ҷумҳуриявӣ ва 60 шаҳри Душанбе) муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, аз ин 55 (26 ҷумҳуриявӣ ва 22 шаҳри Душанбе) муассиса ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд, 12 муассиса (2 ҷумҳуриявӣ ва 10 шаҳри Душанбе) аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебаранд ва дар 33 (13 ҷумҳуриявӣ ва 25 шаҳри Душанбе) муассиса системаи дохилӣ барои қабули гармии муттамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ба ин хат пайваст карда мешаванд.

Дар 5 муассисаҳои боқимонда (2 ҷумҳуриявӣ ва 3 шаҳрӣ) бошад, корҳои васлгарии системаи гармидиҳӣ идома дошта, дар назар аст, ки пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои васлгарӣ, муассисаҳои мазкур ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд.

Оид ба маводи ғизоӣ 32,2 миллион сомонӣ  аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таври муқарраргардида, 243,3 тонна картошка, 105,4 тонна пиёз, 234,1 тонна орд, 32133,0 литр равған  ва 188,9 тонна дигар намуди хӯрока  захира карда шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон  бо  маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 229 га замин ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуда, дар онҳо сабзавотҳо, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду, мевагиҳо-зардолу, себ ва дигар маҳсулотҳо парвариш карда мешаванд.

Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2019, №797 гурӯҳҳои корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд, ки ҳангоми санҷиш камбудиҳои ҷузъи маълум гардида, саривақт барои ислоҳи онҳо чораҳо андешида шудаанд.

Ҳамзамон, дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ истифодаи пурраи лампаҳои каммасраф ҷорӣ карда шуда, шишабандии оинаҳо низ гузаронида шуд. Инчунин, гармкунакҳои барқӣ омода карда шуда, трансформаторҳои барқӣ санҷида шуданд. Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ бо сипарҳову лавозимоти зиддисӯхтор таъмин карда шуда, бо кормандони муассисаҳои тиб оид ба қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва истифодаи қувваи барқ омӯзишҳои иловагӣ гузаронида шуданд.

Ҳафизов Сайдалӣ

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва

банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 545
  • 1,242
  • 949,565