Бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардида истодааст.
Молу мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда мешаванд.
Аз ҷумла имрӯз, 18 май ба як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар маводҳои тиббӣ тақсим карда шуд.
Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи тақсимоти маводҳои тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон, бо ин мақсад ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки назорати тақсимоти маводҳои дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад.