Маводҳои муҳофизатии аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (Юнисеф) дар Тоҷикистон, ки ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба мамлакат ворид гардида, ба воситаи Ташкилоти ҷамъияти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд, ба раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас гардонида шуда истодаанд.
Аз ҷумла имрӯз, 9 июн бо иштироки кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳрҳои Бустон ва Гулистон маводҳои муҳофизатии аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон воридшуда тақсим карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки то 15 июни соли равон ба 36 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба маблағи 1 миллион сомонӣ маводҳои муҳофизатӣ тақсим карда мешавад.