Муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд

Муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд
Июл 10
11:29 2019

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 68 муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ зиёда аз 80 номгўи маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 9 миллиону 660 ҳазору 673 сомонӣ дастрас карда шуд

Аз ҷумла ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 2 миллиону 581 ҳазору 240 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Хатлон маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 3 миллиону 42 ҳазору 226 сомонӣ  дастрас гардид.

Дар ин давра ба муассисаҳои табобатию пешгирии вилояти Суғд маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 67 ҳазору 462 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии сатҳи ҷумҳуриявӣ маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизотҳо ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 2 миллиону 112 ҳазору 897 сомонӣ, ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 683 852  сомонӣ ва ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 172 996 сомонӣ  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732