Мубодилаи таҷрибавӣ дар Ҷумҳурии Арманистон

Мубодилаи таҷрибавӣ дар Ҷумҳурии Арманистон
Сентябр 30
17:13 2022

 Аз 20 то 28 сентябри соли 2022 ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар сохтори беморхонавӣ дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳайати корӣ иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати молияҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Сардухтурони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва кормандони Лоиҳа дар Ҷумҳурии Арманистон мубодилаи таҷрибавӣ гузаштанд.

Ҳайати корӣ вохуриҳо ба намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Арманистон ва мушовирони Вазорати молияи Ҷумҳурии Арманистон доир намуданд. Ҳамзамон ҳайати корӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Ереван ва Беморхонаи ноҳиявии Ҷумҳурии Арманистон дидан намуданд.

Дар рафти мубодилаи таҷрибавӣ мусоҳибаҳо оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Арманистон: дастовардҳои асосӣ, мушкилот ва дурнамо, ба роҳ мондан ва рушди системаи маблағгузорӣ дар асоси ҳодисаҳои мушаххас, ҷорӣ намудани системаи иттилоотӣ барои пайгирӣ ва назорати маблағгузорӣ дар асоси ҳодисаҳои мушаххас, Муҳокимаҳо оид ба буҷети барномаҳо, маблағгузории соҳаи тандурустӣ, нақши Вазорати молия дар равшансозии механизмҳои маблағгузорӣ дар асоси ҳолатҳо, Нақши агентии тандурустии давлатӣ ҳамчун як пардохткунанда, инчунин ислоҳоти умумӣ дар соҳаи маблағгузории системаи тандурустӣ ва бахусус дар сатҳи нигоҳубини беморхона, маблағгузорӣ дар асоси табобат, раванди шартномавӣ, ҳисобкунии барномаҳо ва чорабиниҳои буҷети давлатӣ, ҳисобкунии буҷети беморхонаҳо, бақайдгирии беморони табобатшуда, фалсафаи умумӣ ва ҳадафҳои асосии татбиқи механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар Арманистон, ҳисоб кардани маоши духтурони статсионарӣ, сохтори хизматрасонӣ дар сатҳи беморхонаҳо, ҳисоб кардани арзиши хизматрасонӣ ва ҳисоб кардани пардохт аз рӯи шумораи ҳолатҳои табобатшуда баргузор гардиданд.

Ҳайати корӣ дар мубодилаи таҷрибавӣ оид ба ворид намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат фаъолона ширкат варзида дар охир бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 642
  • 1,242
  • 949,662