Мубориза бо ВНМО тақвият мехоҳад

Мубориза бо ВНМО тақвият мехоҳад
Октябр 15
14:15 2019

Имрӯз, 15 октябри соли равон дар толори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба фаъолияти 9 моҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини якуми вазир Саида Умарзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Маҳмадшо Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони вазорат иштирок намуданд.

Вобаста ба масъалаи асосии ҷаласа, яъне фаъолияти 9-моҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муовини якуми вазир Саида Умарзода муфассал маърӯза намуд.

Номбурда зимни баромади хеш иброз намуд, ки бо мақсади ташаккули заминаи меъёри ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаҳои қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2019, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2020”, “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”, “Қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардиданд. Инчунин, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ва “Барномаи тайёр намудани кадрҳо барои то соли 2030” таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа ирсол карда шудааст.

Ҳамзамон, дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат, дар маҷмӯъ 7462 нафар кормандони тиб ба таҳсили баъдидипломӣ ва зиёда аз 400 нафар мутахассисон дар хориҷи кишвар бо курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Дар самти рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 788 нафар кормандони тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуда, 308 нафар бозомӯз таҳсилро дар даврҳои бозомӯзӣ идома дода истодаанд. Ҳамзамон, дар ин давра 954 нафар мутахассисони тибби оилавӣ давраҳои такмили ихтисосро хатм намуданд.

Айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4 283 нафар (80,3%-и талабот) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 7704 нафарро (72,2%-и талабот) ташкил медиҳанд.

Бо мақсади фароҳам овардани инфрасохтори мувофиқи тандурустӣ як қатор муассисаҳои тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, аз ҷумла Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони дил дар ноҳияи Муъминобод, Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Маркази перинаталии Муассисаи давлатии “Беморхонаи вилоятии клиникии А.Ҳақназаров”-и шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи марказии ноҳиявӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар ноҳияи Деваштич.

Ба гузориши муовини якум вазир, ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар 9 моҳи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 644 нафар бемор амалиётҳои пайвандсозии гурда ва 41 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудаанд.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвадсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиётҳои пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиётҳои пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 29  нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 41 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Бо мақсади паст намудани сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакон ба шӯъбаҳои соматикии кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ба маблағи зиёда аз 800 000 сомонӣ ғизои табобатӣ дастрас гардид. Инчунин, барои табобати кӯдакони то 5 сола бо дастгирии Ҳукумати Япония ба маблағи 1 011 155 сомонӣ маводҳои доруворӣ дастрас гардидаанд.

Дар асоси Созишномаи дутарафа бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии LDC Charities (Амрико) ҳамасола таҷҳизотҳои тиббӣ ва омӯзишӣ (ларингоскоп, халтаи Амбу, манекенҳои хурд ва калон барои омӯзиши эҳёгарии навзодон, барои таваллуд, синамакконӣ) дастрас мегарданд, ки дар натиҷа сифати хизматрасонӣ ба навзодон беҳтар мегардад. Дар моҳи майи соли 2019 ин таҷҳизотҳо бо маблағи 18 907 доллари амрикоӣ ворид гардиданд.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2018 таҳти №994 «Дар бораи ба танзим даровардани амалиёти хатна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, айни ҳол дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 693 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил карда шудааст ва дар 9 моҳи соли 2019 ба 60 560 нафар кӯдакон ба таври ройгон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашуда, дигар бемориҳои сироятӣ дар як сатҳ қарор доранд.

Дар 9 моҳи соли равон маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ шубҳанокбуда, 664 955 кг (соли 2018 – 382 327) ба маблағи 7 миллиону 866 ҳазору 777 сомонӣ (соли 2018 – 2 741 415) аз муомилот боздошт шуда, ба маблағи 11 699 сомонӣ бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда аз муомилот гирифта шудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбати 5 126 нафар масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ҷарима ба маблағи 680084 сомонӣ таъин ва фаъолияти 1321 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо  муваққатан боздоштшуда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 319 мавод ирсол карда шудааст.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 97 нафар шахсони масъули муассисаҳои стоматологӣ, 127 нафар шахсони масъули сартарошхонаҳо ва 173 нафар шахсони масъули иншоотҳои кошонаҳои ҳусн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 111 295 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Инчунин, фаъолияти 123 муассисаҳои стоматологӣ, 81 адад сартарошхонаҳо ва 157 иншоотҳои кошонаҳои ҳусн бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба ҷумҳурӣ ба 380 миллиону 230 ҳазору 209 сомонӣ ва содироти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба 43 миллиону 668 ҳазору 390 сомонӣ баробар  гаштааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 1 031 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110  814 адад аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 132 227 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Дар баробари ин, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, мансабдор 372 протоколу қарорҳо оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолият тартиб дода, 996 630 сомонӣ ҷарима ба буҷети давлат супорида шудааст.

Тавре ки муовини якуми вазир иброз дошт, дар самти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2019 дар 927 адад муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷишҳо гузаронида, вобаста ба камбудиву норасогиҳои ошкоргардида чораҳои зерин андешида шуданд:

– нисбати 359 нафар кормандон муҷозотҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 314 030 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуд;

– барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 62 нафар кормандони роҳбарикунанда ва барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 226 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур гардид ва фаъолияти 112 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт карда шуд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2019 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба 9697 нафар пиронсолону маъюбон хизмати иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ расонида шуд.

Дар 9 моҳи соли равон дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ 69 950  хонавода барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки бо назардошти гирандагони соли гузашта 97 186 нафарро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи муроҷиати беморон ба комиссияҳои Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ коҳиш ёфтааст. Чунончи, дар 9 моҳи соли 2019 дар маҷмӯъ 33 812 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3185 нафар кам мебошад. Аз ин шумора ба 30 057 нафар маъюбӣ муқаррар карда шуд (88,9%), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2936  нафар кам мебошад.

Барои муқаррар намудани маъюбӣ бори нахуст 8997 нафар муроҷиат кардаанд, ки ба 5 511 нафари калонсолон гурӯҳи маъюбӣ муқаррар гардида бо сабаби надоштани аломатҳои  маъюбӣ ба 384 нафари бори нахуст муроҷиаткунанда гурӯҳи маъюбӣ муқаррар нашуд.

Дар натиҷаи такроран аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаштани 22 186 нафар гурӯҳи маъюбии 953  нафар қатъ гардидааст.

Пас аз шунидани ҳисобот аз рафти фаъолияти 9-моҳаи соҳа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода бо роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои тандурустии ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъулон тариқи саволу ҷавоб оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои гузошташуда пурсон шуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда супоришҳои қатъӣ дод.

Махсусан, масъалаи гирифтории аҳолӣ ба ВНМО ва тамоюли афзоиши он, роҳҳои пешгирӣ ва ташхиси саривақтии он, аз тарафи роҳбарони салоҳиятдор гузаронидани санҷишҳои мунтазам дар муассисаҳои тандурустӣ ва бартараф сохтани камбудиҳо, масъалаи пешгирии аҳолӣ аз сироятёбӣ ба гепатитҳо, пурра аз байн бурдани гепатити В, иҷрои супоришҳо оид ба таъсиси ҳуҷраҳои хатна дар муассисаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи муоширати табибон бо беморон, пешгирии фавти модару кӯдак, рушди тарзи ҳаёти солим ва иҷрои қарори 600 ба таври алоҳида муҳокима шуданд. Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳои маъюбӣ, пешгирии он, никоҳи хешу таборӣ, муоинаи никоҳшавандагон, муоинаи даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, тарзи қонунии ҳуҷҷатгузорӣ ва барасмиятдарории маъюбон, масъалаи нашъамандӣ, доруҳои мӯҳлаташон гузашта, корҳои ободонӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, бехатарии ғизо ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда аз ҷониби вазир ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 541
  • 1,242
  • 949,561