Мудири бемористони «Ибни Сино»: КОВИД-19 аз Тоҷикистон зуд меравад

Мудири бемористони «Ибни Сино»: КОВИД-19 аз Тоҷикистон зуд меравад
Май 01
10:11 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус расман эълом дошт, ки дар ҷумҳурӣ 15 нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудааст. Вазорат ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки барои эмин мондан аз вирус ниқоб пӯшанд ва дигар қоидаҳои санитарии шахсиро риоя намяонд. Дар навбати худ, табибон мегӯянд, аз эълон дар бораи сирояти вирус мардум набояд ба воҳима дода шаванд.

Мудири Бемористони байналмилалии «Ибни Сино» Абдухалил Холиқзода (ДАР АКС) 30 апрел дар суҳбат бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» изҳор доштааст, ки КОВИД-19  беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд. Холиқзода, ки 11 сол боз мудири ин бемористони хусусӣ аст, гуфтааст, ки мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.

«Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест», — иброз додштааст ӯ.

Бо эълон шудани хабари расмии мавҷудияти коронавирус бархеҳо мепурсанд, ки Тоҷикистон ин буҳронро чигуна паси сар мекунад? Оё ҳукумат карантин эълон мекунад ё не?

Абдухалил Холиқзода  мегӯяд, агар мардум қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, ба воҳима дода нашаванд, Тоҷикистон ин бемориро давоми ду-се моҳ паси сар мекунад. Ба таъкиди Холиқзода, «ҳадди аксар ин беморӣ ду-се моҳ давом мекунад ва ду-се моҳ пас ҳама чиз ба ҳолати маъмулӣ бармегардад. Ин беморӣ дурудароз ҳам давом намекунад. Испониёву Итолиё дар як-якуним моҳ ин бемориро гузаштанд, ҷойи воҳима надорад».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 294
  • 1,242
  • 949,314