Мудири шуъбаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Зокирҷон Шарипов: «Вазъи кунунии саломатии Бенямини Илҳом қаноатбахш аст»

Мудири шуъбаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Зокирҷон Шарипов: «Вазъи кунунии саломатии Бенямини Илҳом қаноатбахш аст»
Январ 28
13:54 2020

Вазъи имрӯзаи саломатии Бенямини Илҳом қаноатбахш аст. Ӯ ҳоло дар беморхона бистарӣ буда, дар ҳолати шифоёбӣ қарор дорад. Ин нуктаро мудири шуъбаи гастроэнтерологияи кӯдаконаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Зокирҷон Шарипов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

«Вақте ки Бенямин дар беморхона бистарӣ гардид, аз тарафи гурӯҳи духтурон консилиум (машварати гурӯҳӣ) гузаронида, тартиби табобаташ муайян карда шуд.  Пас аз ташхису табобат ва беҳбудӣ ёфтани  ҳолати мариз маълум гардид, ки барои табобати Бенямин ба хориҷи мамлакат рафтани ӯ шарт нест ва бемории ӯро дар Тоҷикистон табобат кардан мумкин аст»,-мегӯяд духтури табобаткунандаи Бенямин.

Ҳоло духтурон Фарида Бердиева ва Зокирҷон Шарипов табобати ӯро ба уҳда доранду  аз вазъи саломатии ӯ шабонарӯзӣ бохабар мешаванд.

Инчунин Бенямин  дар суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки аз табобат дар беморхонаи мазкур қаноатманд буда, худро хуб эҳсос мекунад.

Муаллимаи Бенямини Илҳом Моҳпарӣ Меликова иброз намуд, ки ҳамроҳи талабагонаш ба аёдати шогирдаш рафта, аз ҳоли вай бохабар шуданд. Айни замон ӯ дар беморхона ба табобати пурра фаро гирифта шудааст.

Духтури табобаткунанда Зокирҷон Шарипов дар суҳбат иброз дошт, ки пас аз чанд рӯзи дигари табобат Беняминро аз беморхона ба хонаашон ҷавоб медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз суҳбат бо Бенямини Илҳом ва огоҳ шудан аз бемории ӯ ба масъулин супориш доданд, ки ҳамаи имкониятҳоро дарёфта, табобати кӯдаки маризро ройгон ба роҳ монанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 903
  • 1,242
  • 949,923