Мулоқот бо ҷавонони фаъоли колеҷи тиббӣ

Мулоқот бо ҷавонони фаъоли колеҷи тиббӣ
Сентябр 15
12:24 2020
15-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ » мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо ҷавонони фаъоли колеҷи тиббӣ  баргузор гардид.
Сараввал, муовини директори муассиса оид ба тарбия Почоев Бахтовар чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд оғоз гардида, мо – ҷавононро дар қатори дигар сокинони вилоят руҳбаланд месозад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд судманд андешида, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса ва ҳамарӯза зоҳир мегардад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, инчунин ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андеша намуданд.
Дар охир мудири шуъбаи кор бо ҷавонони колеҷи тиббӣ Волидова Анбарой сухан гуфта, ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода барои мулоқоти судманд изҳори сипос намуд ва ваъда дод, ки минбаъд низ ҳамчун Пайрави асили пешвои миллат хизмат менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,108
  • 1,242
  • 950,128