Мулоқот бо директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока

Мулоқот бо директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока
Феврал 16
08:36 2022

15 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, шахсан ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгириҳои пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат аз ҷониби бонки мазкур пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Рие Хираока, директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд дар навбати худ омодагии бонки мазкурро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ иброз намуд.

Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 733
  • 1,242
  • 949,753