Мулоқот бо хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ

Мулоқот бо хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ
Май 24
13:40 2019

23 майи соли ҷорӣ дар толори Синои бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрии сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Раҷабзода бо хатмкунандагон баргузор гардид.

Сараввал муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодов С.Т. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидаст. Аз ҳамин лиҳоз, ҳадафи асосии донишгоҳ, маҳз омода намудани мутахассисони кордону тавонои соҳаи тандурустӣ, ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷомеа ва тақозои замон арзёбӣ гардидааст.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Раҷабзода бо хатмкунандагон оид ба тақсимоти ихтисосҳо суҳбат намуда, ба саволҳои гуногуни онҳо дар бораи  кору фаъолият дар соҳаи тандурустӣ ва идомаи таҳсил посухҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Раҷабзода ва муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодов С.Т. ҳамаи хатмкунандагони донишгоҳро ба муносибати анҷоми бомуваффақияти таҳсили  донишгоҳ ва соҳиби касби муқаддаси табибӣ гардидан табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҷодаи кору фаъолият бурдборию комёбиҳо, рӯзгори хушу осуда ва бахту иқболи сафедро таманно  карданд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 соҳаи тандурустиро яке самтҳои афзалиятнок муайян намуда, дар беҳтар намудани дастрасӣ, сифат,  самаранокии хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа аҳамияти хоса медиҳад. Ҷиҳати ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” тасдиқ гардидааст. Тибқи Барномаи мазкур нишондоди таъминнокии кишвар бо табибон қонеъкунанда набуда, ҷумҳурӣ ба мутахассисони баландихтисоси салоҳиятнок ниёз дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 953
  • 1,242
  • 949,973