Мулоқот бо имомхатибон: Риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ- кафили фаъолияти доимӣ!

Мулоқот бо имомхатибон: Риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ- кафили фаъолияти доимӣ!
Январ 25
16:34 2021

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба шарҳи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат иҷозат додани баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа ва дар ин робита дар масҷидҳо  риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию ҷамъиятӣ бо имомхатибони масҷидҳо мулоқот баргузор гардид.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд  зимни баромади хеш иброз дошт, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур як қатор сохторҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шаҳрвандон қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро фаромӯш насозанд ва онро қатъиян риоя намоянд. Махсусан, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд.

Таъкид гардид, ки вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯйи шахс канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин, ки бо нафаси намозгузорон ба ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд.   Таъкид гардид, ки  вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешавад бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд. Дар ин баробар, ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Гуфта шуд, ки бояд ҳар як  масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сироятӣ хеле кам мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот мутахассисони соҳа ҳозиринро бо тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар масҷидҳо шинос намуданд.

Зикр гардид, ки бояд утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофии маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептикӣ), инчунин ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин карда шаванд. Санҷиши ҳатмии намозгузорон ва муроҷиаткунандагон ба масҷидҳо ва дигар марказҳои динӣ тавассути ҳароратсанҷи фосилавӣ бо мақсади маҳдуд намудани ашхосе, ки таби баланд ё аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас доранд ба роҳ монда шавад. Дар ҷойҳои муайян ва намоён навиштаҷотҳои “Бе ниқоб даромадан манъ аст” ва “Бо даст салом кардан ва оғўш гирифтан манъ аст” –ро овезон намоянд. Аз ҷониби намозгузорон дар замони адои намозҳои панҷвақта, ибодат ва муроҷиат намудан баҳри машварати динӣ пўшидани ҳатмии воситаҳои муҳофизати шахсӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ на камтар аз 1,5 метр риоя карда шавад. Бо мақсади рияои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ (мунтазам шӯстани дастон, истифодаи воситаҳои безараркунанда), инчунин безараргардонии ҷойҳои корӣ (фаршҳо ва ҷойнамоз, мизҳо, воситаҳои техникӣ ва дигар ашёҳое, ки дар фаъолияти хизматӣ истифода мешаванд ба роҳ монда шавад. Ташкили корҳои беҳдоштӣ ва безараргардонии биноҳои масҷидҳо барои кор бо муроҷиаткунандагон, аз он ҷумла утоқҳо на кам аз 1 маротиба дар давоми ҳафта ба роҳ монда шавад.

Махсусан, таъкид гардид, ки дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов   низ суханронӣ намуда,  аз имомхатибон даъват ба амал оварданд, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаро дар ҷараёни адои намоз дар масҷидҳо қатъиян ба ҷо биоваранд.

Аз ҷониби масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба имомхатибони масҷидҳо нусхаи қарори

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди санитарии марказ дар ин самт дастрас карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 644
  • 1,242
  • 949,664