11 апрели соли равон бо мақсади гузаронидани баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хурӯҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо намояндагони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҷот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба гузаронидани баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хурӯҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мубодилаи афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 11 то 20 апрели соли 2022 дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҳамадонӣ, Данғара, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшани вилояти Суғд баҳодиҳии чораҳои ҷавобӣ нисбати хуруҷи вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 гузаронида мешавад.