Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Феврал 15
16:21 2021

Имрӯз, 15 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  ташриф оварда, бо роҳбарият ва кормандони он мулоқот намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  беморхонаи мазкур пас аз таъмир гардидан ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштааст ва дар он тамоми шароит ва имконот барои табобати беморон фароҳам оварда шудааст.

Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур баҳри заҳматҳои шабонарӯзияшон дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар идомаи вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагиро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маврид ба зикр аст, ки заҳмат ва талошҳои хастанопазири табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар назаррас мебошад. Аз ин ҷост, ки 18 августи соли 2020  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ якчанд табибони беморхонаи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714