19-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо доктор Наташа Аззопарди Мускат, директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳо, Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мулоқот намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода нахуст меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки саҳми Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо дар тақвияти низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории низоми тандурустӣ, пурзур намудани захираҳои инсонӣ, дастрасӣ ба доруворӣ ва рақамикунонӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи “Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ” мубодилаи афкор намуданд.
Доктор Наташа Аззопарди Мускат, директори шӯъбаи стратегияҳо ва низомҳои тандурустии кишварҳо, Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар навбати худ омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо вазорат баён дошт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тавоҳум баргузор гашт.