Декабр 20
13:49
2019
19 декабри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар Тоҷикистон хонум Галина Перфилеваро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо WHO ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.