4 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот кард.
Раиси вилоят дар аснои мулоқот аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуда, иброз дошт, ки табибон имрӯзҳо бо истифода аз таҷрибаву малакаи худ баҳри таъмини солимии ҷомеа ҷиддан талош меварзанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони соҳаи тиб, ки шабонарӯзӣ дар хизмати мардум қарор доранд, изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки фаъолияти шоистаи ҳар як табиб ҳамаҷониба қадршиносӣ карда мешавад.
Таъкид карда шуд, ки табибон бояд бо аҳолӣ мунтазам дар робита бошанд ва тавсияҳои хешро баҳри пешгирии бемории сироятӣ бо истифода аз имкониятҳо ба самъи сокинон расонанд.
Ба шаҳрвандон бояд мунтазам фаҳмонида шавад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд. Дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.
Ҳар як шаҳрванд бояд то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ барои таъмини солимии худу атрофиёнаш масъулияти бештар эҳсос намояд.