Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод
Июн 03
09:18 2020

Дар Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон мулоқот намуд.

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод бо кормандони соҳаи тиб мулоқот намуд.

Нахуст роҳбари вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад. Барои адои садоқатмандонаи рисолати касбӣ ва меҳнати шабонарузии табибони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз рузи нахустин ба қайд гирифта шудани бемории сироятӣ сарҷамъ ва муттаҳид шуда ба зидди паҳншавии бемории сироятӣ мубориза бурда барои шифоёбии сокинон кушиш намуданд арзи сипос намуд.

Даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити хуруҷи бемории сироятии коронавирус зарур аст, ки табибони мо беш аз пеш рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида, ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву равшаннамоиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.

Баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат-онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо наклиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки дар заминаи қарорҳои ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) бармеояд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят ба Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод ба миқдори зарурӣ корҷомаҳои бисёркарата, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳи нафаси сунъи ва дорувории протоколии антивирусии Плакфинил барои табобат супорида шуд.

Ҳамчунин барои дастгирӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ барои беморони ниёзманд 100 маҷмаъи дорувори иборат аз маводи дорувории зиддивирусӣ ва антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизати ройгон дастрас карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 955
  • 1,242
  • 949,975