Апрел 05
15:34
2022
Имрӯз, 5 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба соҳа пайваста кӯмак ва дастгирии хешро мерасонад.
Дар идома ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои вазорат бо бонки мазкур дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.