Мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо Ҳаҷиме Китаока Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон

Мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо Ҳаҷиме Китаока Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон
Ноябр 21
13:07 2017

20 ноябри соли равон мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, бо Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз давра ба давра вусъат ёфтани равобит ва ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ  истиқбол намуданд.

Дар оғози суҳбат  Насим Олимзода,   миннатдории роҳбарияти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба дастгирии Ҳукумати Япония дар соҳаи тандурустии кишвар  ба Ҳаҷиме Китаока ва дар симои ӯ ба тамоми халқи Японияизҳор намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония аз замони ташаккулёбӣ, аз соли 1992 то айни ҳол дар ҳолати рушди пойдор қарор доранд. Ҳукумати Япония аз солҳои аввали истиқлолияти ҷумҳурӣ ба халқи Тоҷикистон кӯмаки назаррас мерасонад, алалхусус дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда.

Насим Олимзода  ҳамзамон дар рафти суҳбат гуфт; “дар давраи солҳои 2006-2015 Ҳукумати Япония тавассути Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (JICA) дар Тоҷикистон  ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ ворид намуд.  Инчунин дар соли 2008 Ҳукумати Япония ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон авторефрижератор барои интиқоли ваксинаҳо харидорӣ намуда, барои истифодабарӣ тақдим намуд.  Маҳз бо дастгириҳои назарраси Ҳукумати Япония мо тавонистем сатҳи фарогирии  иммунизатсияи кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашаванда дар сатҳи баланд нигоҳ дорем. Ин боиси пешгирии беморшавӣ ва фавтиҳазорон нафар кӯдакон гардидааст”.

Ҳаҷиме Китаока низ зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкориҳои ду кишвари дустро назаррас арзёбӣ кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз тадбиқ гардидани Лоиҳаи «Пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон» ёдоварӣ намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Ҳукумати Япония тавассути Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон» -ро барои давраи солҳои 2016-2019 дастгирӣ намуда, татбиқ карда истодааст. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкур харидории ваксинаҳои БСЖ, сурхча/гулафшон, гепатити В, ваксинаи зидди бемории фалаҷ (ОПВ), харидорӣ ва васл намудани хона-яхдони мусбӣ (тамғаиХУУРРЕ, 30 м3 +2 +8оС) барои нигоҳдории ваксинаҳо, харидории яхдонҳои манфӣ барои нигоҳдории ваксинаи ОПВ (тамғаи Вестфрост – MF 314, -15 -25 оС), харидории маводҳои тиббӣ барои ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона амалӣ мегардад.

Дар доираи тадбиқи Лоиҳа дар давоми солҳои 2016 ва 2017 бо маблағи умумии 2 миллиону 112 ҳазору 964 доллари амрикоӣ ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсиониӣ харидорӣ гардида, ба ҷумҳурӣ дастрас шудааст.

Инчунин хона-яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо харидорӣ ва васл гардида, аз якуми декабри соли 2016 ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҳафт адад яхдонҳои манфӣ барои нигоҳдории ваксинаи ОПВ харидорӣ гардида, дар айни замон мавриди ифтифодабарӣ қарор доранд.

Баъд аз мулоқоти Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҳаҷиме Китаока Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон, Ҳаҷиме  Китаока аз рафти фаъолияти «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба шароити кории марказ ва нигоҳдории ваксинаҳо баҳои баланд дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 732
  • 1,242
  • 949,752