Мулоқоти Зулфия Абдусаматзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат

Мулоқоти Зулфия Абдусаматзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат
Январ 29
16:33 2021

бо мақсади шарҳу тавсеҳи моҳият ва муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ, андешидани чораҳои фаврӣ  дар самти ҳалли камбудиву мушкилотҳои ҷойдошта ва таҳлилу баррасии вазъи соҳа имрӯз, 29 январи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат мулоқот намуд.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ба ҳозирин расонида, аз  ҷумла иброз дошт, ки изҳори сипосу миннатдории Сарвари давлат, ки  зимни ироаи Паёми хеш ба кормандони соҳаи тандурустӣ  иброз доштанд, мо-кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро водор месозанд, ки аз пештара бештар кӯшиш ва талош намуда, хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намоем.

Ҳамзамон, Зулфия Абдусаматзода зимни мулоқот бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ,  махсусан, хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак, муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980