“Муносибати байнифардӣ дар гузаронидани иммунизатсия зидди сирояти COVID-19”

“Муносибати байнифардӣ дар гузаронидани иммунизатсия  зидди сирояти  COVID-19”
Май 13
12:52 2022

Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба ташкил ва бо муваффақият гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус ва такмил додани усулҳои муоширати байнифардӣ дар рафти баргузории чорабинии мазкур имрӯз, 13 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» оид ба “Муносибати байнифардӣ дар гузаронидани иммунизатсия зидди сирояти  COVID-19” машғулияти омӯзишӣ доир гардид.

Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Файзалӣ Саидзода машғулияти омӯзиширо ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳадаф ва баргузории чорабинии мазкур мухтасар суханронӣ намуд.

Дар машғулияти омӯзишӣ намояндагони марказҳои иммунопрофилактикаи марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва марказҳои саломатии як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа вобаста ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур ба иштирокчиён мавзуъҳо пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои  баргузории чунин  чорабинӣ-ин боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи мутахассисони соҳа дар самти  пурзӯр намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар миёни сокинони кишвар мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952