Ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, бақайдгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ ва мубориза алайҳи он, тестҳои оҷилӣ ва назорати антенаталӣ, сертификатсияи мутахассисон ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон, аз мавзуъҳои аслие буданд, ки дар мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо иштироки кулли намояндагони зерсохторҳои Раёсати тандурустии вилоят баргузор гардида, дар он паҳлуҳои мухталифи масоили зиргардида мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ оид ба муоинаи хатмии хешу таборӣ ва вобаста ба карори 600 супоришҳои дахлдор қабул гардид.