Зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетики ва бемориҳои сухта (Комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия, соли таваллудаш 2013, сокини маҳаллаи Боғи Миллӣ, ш. Душанбе, ки санаи 19.06.2019 бо ҷарохатхои вазнини аз сухтор ба беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе, шуъбаи бемориҳои сӯхта бистари гашта буд ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард.
Эдгар Бимер аз руи таърихи беморӣ Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.
Номбурда изҳор дошт, ки дар якҷояги бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.
Ҳамзамон профессор Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кард, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сухтани бадан гирифтор шудаанд саҳми худро хоҳад гузошт.