Муоинаи тиббии наваскарон: оё сифати он ба талабот ҷавобгӯ аст?

Муоинаи тиббии наваскарон: оё сифати он ба талабот ҷавобгӯ аст?
Феврал 24
16:45 2020

Имрӯз,  24 феврали  соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода, муовинони вазир Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро  оғоз бахшида, қабл аз муаррифии мавзӯъҳои ҷаласа суханро ба Шодком Турсунзода, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

Муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳо оид ба татбқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баромад намуд.

Қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар баробари шарҳу баррасии фаъолияти тамоми соҳаҳои мамлакат дар соли сипаригашта, ҳамчунин, нақшаи фаъолиятро барои соли минбаъда ба тамоми соҳаҳои кишвар пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки имсол аз фаъолияти Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 натиҷагирӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, ба тамоми сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи он нақша-чорабиниҳо тартиб ва оид ба корҳои дар ин самт ба анҷом расонида ба шӯъбаи аудити вазорат маълумот пешниҳод намоянд.

Пасон, дар мавзӯъи аввали ҷаласа-“Дар бораи фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Шарипов баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми комиссияҳои тиббии даъватӣ барои гузаронидани муоинаҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла бо як ададӣ дастгоҳи ташхиси фаросавтӣ, даруннигарӣ, фишорсанҷ ва дастгоҳи сабти барқии дил, бо мутахассисони дараҷанокии касбиашон на камтар аз якум, инчунин бо маводи сарф барои гузаронидани ташхиси озмоишӣ (ташхиси умумии хуну пешоб, гурӯҳи хун) омода карда шуда, зери назорати доимии роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо қарор дода шуданд.

Инчунин, ҳангоми даъват аз ҷониби роҳбарияти вазорат, аз ҷумла муовинони вазир, инчунин, Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир, сармутахассисони алоқаманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷараёни фаъолияти комиссияҳои тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

Соли равон низ бо фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Турсунзода, Роғун, Рӯдакӣ, Лахш ва Нуробод) 20 нафар мутахассисони варзидаи соҳаҳои алоқаманд (бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, равонӣ, асаб ва бемориҳои пӯсту узвҳои таносул) сафарбар карда шуданд.

Дар комиссияҳои тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳое, ки мутахассисони бемориҳои чашм, рӯҳӣ, асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, пӯст ва узвҳои таносул намерасиданд, аз муассисаҳои вилоятӣ сафарбар гардиданд.

Дар идома муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Шарипов оид ба паҳлӯҳои дигари масъалаи зери назар ба ҳозирин маълумот дод.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур қайд намуд, ки муоинаи тиббии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, он зери назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Зеро, танҳо ҷавонони руҳан ва ҷисман солим метавонанд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба ватани хеш сидқан хизмат намоянд. Аз ин рӯ, муоинаи тиббии наваскарон масъалаи ҷиддӣ ба шумор рафта, аз табибон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ташхиси наваскарон ба хатогӣ роҳ надиҳанд.

Вобаста ба масъалаи мазкур муовини сардори раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе ва сардорони раёсатҳои вилоятҳо ба саволҳои муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода посух дода, ҳамзамон, ҷиҳати омодагӣ ба ташхиси баҳории наваскарон ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Оид ба мавзӯъи дуюми ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 “Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои профилкатикӣ” сардори Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршозода Ш.Т. баромад намуд.

Зикр гардид, ки масъалаи мазкур 21 майи соли 2019 дар ҷаласаи мушовараи вазорат мавриди муҳокима қарор дошт: “Таҳлили иҷроиши бандҳои дахлдори қарори ҳайати мушовараи мазкур нишон медиҳанд, ки талаботи онҳо ба таври бояду шояд ба иҷро нарасидаанд. Аз ин рӯ, зарурати аз нав таҳлил ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаи мавриди назар ба миён омадааст”,-афзуд  сардори Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршозода Ш.Т.

Таъкид гардид, ки бо мақсади назорати иҷрои қарори мазкур ва арзёбии фаъолияти комиссияҳои машваратию тиббии назди муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, инчунин, ҷиҳати санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраргардида, кушодан ва тамдид  кардани варақаи корношоямии муваққатӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи марказии машваратию табибӣ ташкил карда шудааст.

Комиссияи марказии вазорат дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад, ки аз Комиссияи машварати табибӣ ва дигар мақомоти марбутаи тандурустӣ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти худ алоқамандро талаб намуда, дар мавридҳои зарурӣ санҷишу таҳлилҳои мутақобиларо дар ҷойҳо амалӣ намояд.

Санҷишу таҳлилҳои рафти иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 “Дар бораи Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои профилкатикӣ” нишон медиҳанд, ки  ҷараёни амалишавии талаботи қарори мазкур  ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда, аз масъулини раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳаброни беморхонаҳо ва шабакаи муассисаҳои КАТС, инчунин, комиссияҳои машваратию табобатии дахлдор ҷоннок намудани фаъолиятро дар ин самт талаб менамояд.

Қайд гардид, ки  дар марказҳои саломатии пойтахт теъдоди кушодани варақаҳои корношоямии муваққатӣ коҳиш ёфта, инчунин, кушодани варақаҳои корношоямии муваққатӣ дар картаҳои амбулатории яккарата низ ба танзим дароварда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, ҳоло ҳам аз ҷониби мутахассисон ба баъзе камбудиҳо роҳ дода  мешавад.

Сардори Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршозода Ш.Т дар идомаи баромади хеш оид ба  вазъи соҳа дар вилоятҳо низ суханронӣ намуд.

Пасон, вобаста ба фаъолияти соҳа, аз ҷумла ҷой додани камбудиҳо дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муовини сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо маълумот пешниҳод намуданд. Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба  сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ ҷиҳати омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатнаи кӯдакони навтаваллуди то 20-рӯза, истифодабарии таҷҳизоти тиббӣ, истифодабарии протоколҳои клиникӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 622
  • 1,242
  • 949,642