Мусобиқаи шонздаҳуми футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷамъбаст гардид

Мусобиқаи шонздаҳуми футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷамъбаст гардид
Август 06
12:41 2022

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш тибқи Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №302, “Оид ба гузаронидани мусобиқаи шонздаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи муассисаҳои тандурурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат аз 11 июн то 5 августи соли равон мусобиқаи  шонздаҳуми футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик-Абӯалӣ ибни Сино ва ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии Маркази барқарорсозии “Пайравони Сино”-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш”   баргузор  намуд.

Дар мусобиқа 18 даста ва зиёда аз 200 нафар футболбозони аз 25 сола то 60 сола иштирок  намуданд

Доварии қариб 90 бозиҳои мусобиқа аз тарафи доварони дараҷаи ҷумҳуриявию байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.

Бозии финалии мусобиқа санаи 5 августи соли равон  дар майдончаи варзишии Маркази барқарорсозии “Пайравони Сино”-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш” байни дастаҳои Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Хадамоти назорати давлатии  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Дар баробари мухлисони дастаҳои муассисаҳои мазкур ҳамзамон бозии финалиро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва роҳбарони  як қатор муассисаҳои тандурустӣ низ тамошо намуданд.

Аз дақиқаҳои аввал бозии финалӣ байни тимҳои ин ду сохтори тандурустӣ ҷолибу ҷозиб сурат гирифта, дар натиҷа тими Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо ҳисоби як бар сифр бар тими Хадамоти назорати давлатии  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ғолиб омада, сазовори Ҷоми мусобиқа гардид.

Ҳамин тавр, дар мусобиқаи шонздаҳуми футболи хурд миёни тимҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тими Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” сазовори ҷои якум, тими Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сазовори ҷои дуюм ва тими Маркази клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар анҷоми ин чорабинии варзишӣ ба тимҳое, ки сазвори ҷойҳои намоён гардиданд, “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ба бозингароне, ки дар мусобиқа маҳолати баланд нишон доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714