Ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ дар соли таҳсили 2019-2020 бо такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои табибон) 10 нафар дар як курси таълимӣ ва аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои кормандони миёна) 20 нафар дар як курси таълимӣ, инчунин аз рӯи барномаи “Кори иҷтимоӣ” (барои кормандони хурд) 91 нафар дар ду курси таълимӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, муассисаҳои давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” ва “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб”, инчунин хонаҳои кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҳамкориҳо дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон идома дода шуданд.